Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон бо сатҳи сифатан нав ба роҳ монда мешаванд

Октябрь 29, 2022 11:20

ДУШАНБЕ, 29.10.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи сафари расмии ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Самарқанд Раиси Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳамтои худ- Раиси палатаи қонунбарории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Нуридин Исмоилов мулоқот намуд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Зикр гардид, ки дар муддати кӯтоҳ месазад, ки  робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон ба сатҳи сифатан нав боло бароянд ва ҳам дар қолаби дуҷонибаю ҳам дар  чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии парлумонӣ рушд кунанд.

Маҳмадтоир Зокирзода тазаккур дод, ки дар муддати кӯтоҳ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон ҳамаи созишномаҳои имзокардаи Сарварони ду кишвар тасвиб шудаанд.

Дар мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҷараёни инкишофи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ мустаҳкам мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мулоқоти ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон –Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода,  намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода, раисони кумитаҳои  Маҷлиси намояндагон Саидмурод Фаттоҳзода ва Рустам Латифзода иштирок намуданд.

Акс: МН МО ҶТ

Октябрь 29, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд