Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо роҳбари бунёди гурӯҳи Мармара мулоқот намуд

Октябрь 12, 2022 09:23

ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябр вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Роҳбари Бунёди тадқиқоти стратегӣ ва иҷтимоии гурӯҳи Мармара доктор Аккан Сувер доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.

Зимни мулоқот масоили ҳамкории иқтисодии дуҷониба ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Қобили зикр аст, ки тайи 25 соли охир Саммити иқтисодии Авруосиё аз ҷониби Бунёди Мармара ташкил мешавад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 8 июн дар Туркия  25-умин Саммити иқтисодии кишварҳои Авруосиё зери унвони «Ҳамкорӣ ва шарикӣ дар байни ҷомеаҳои тиҷорати ҷаҳонӣ: Ба сӯи ҷаҳони рақамии бештар, ба сӯи ҷаҳони сабзтар» баргузор гардид, ки  дар он Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Саъдӣ Қодирзода оид ба аҳамияти таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд миёни кишварҳои минтақа, фазои мусоид ва имконияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави мамлакат, вазъи иқтисодӣ, ҳадафҳои стратегӣ, иқтидори гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар соҳаи об ибрози андеша намуд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин оид ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 маълумот пешниҳод намуд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия

Октябрь 12, 2022 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд