Созишномаи грантӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар Вазорати молияи Тоҷикистон Созишномаи грантӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Душанбе – маблағгузории иловагӣ» ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.
Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон хонум Шэнни Кемпбл ба имзо расониданд.
Арзиши умумии Лоиҳа 42,63 млн доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 38 млн доллар гранти Бонки Осиёии Рушд ва 4,63 млн доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳадафи лоиҳа- ин беҳтар намудани дастрасии фарогир ва устувор ба хизматрасониҳои бехатар, устувории обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе, инчунин барқарор кардани коллекторҳои канализатсионии асосии шаҳр ва сохтани системаи канализатсияи дуюм ва сеюм дар маҳаллаҳои Қаротегин ва Зебуниссо мебошад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2022 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2028 ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






