Созишномаи грантӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе ба имзо расид

Октябрь 19, 2022 15:05

ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар Вазорати молияи Тоҷикистон Созишномаи грантӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Душанбе – маблағгузории иловагӣ»   ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон хонум Шэнни Кемпбл ба имзо расониданд.

Арзиши умумии Лоиҳа 42,63 млн доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 38 млн доллар гранти Бонки Осиёии Рушд ва 4,63 млн доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳадафи лоиҳа- ин беҳтар намудани дастрасии фарогир ва устувор ба хизматрасониҳои бехатар, устувории обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе, инчунин барқарор кардани коллекторҳои канализатсионии асосии шаҳр ва сохтани системаи канализатсияи дуюм ва сеюм дар маҳаллаҳои Қаротегин ва Зебуниссо мебошад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2022 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2028 ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 19, 2022 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?