ТАНҲО БО РОҲИ ДИПЛОМАТӢ. Гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон гузариши хатҳоро дар сарҳади муштарак баррасӣ намуданд

Октябрь 17, 2022 11:22

 ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади муштарак 10-15 октябр дар Душанбе масъалаи гузариши хати қитъаҳои боқимондаи марзро баррасӣ карданд. Дар ин бора рӯзи шанбе дар маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

«Тарафҳо оид ба гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули афкор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки муҳокимаро зимни мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон доир мегардад, идома диҳанд», — омадааст дар иттилоия.

Ёдовар мешавем, ки 13 октябр аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони Россия, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Остона миёни Душанбе ва Бишкек тавофуқ ҳосил шуд, ки кори гурӯҳҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади муштарак фаъол гардонида шуда, ҳама мушкилоти бамиёномада танҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳал карда шаванд.

Моҳи сентябр дар хати сарҳад миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаҳои низомӣ рух доданд. Ҷангҳо бо истифода аз аслиҳаи вазнин 14 сентябр дар мавзеи Кехи минтақаи Ворухи Тоҷикистон оғоз шуда, то 17 сентябр дар қитъаҳои алоҳидаи марзи муштарак идома ёфтанд.

 Акс: ВКХ ҶТ

Октябрь 17, 2022 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард