Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об муҳиманд

Октябрь 20, 2022 11:55

ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об  муҳим мебошанд. Дар ин бора 17 октябр дар Теҳрон дар дидори Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар якҷоягӣ бо Сафири Подшоҳии Нидерланд Франк Моллен бо мудири кулли идораи умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Беҳзод Собирии Ансорӣ таъкид гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот роҷеъ ба баргузории Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 22-24 марти 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Тоҷикистон ва Нидерланд сурат мегирад, табодули афкор сурат гирифт.

Дар ин замина ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об муҳим дониста шуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Октябрь 20, 2022 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд