Тоҷикистон номзадии Арабистони Саудиро барои мизбонии «Экспо -2030» ҷонибдорӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон номзадии Арабистони Саудиро барои мизбонии «Экспо -2030» дар шаҳри Ар-Риёз ҷонибдорӣ менамояд. Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд пас аз мулоқот дар Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт.
Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд таъкид намуд, ки ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҷониби Тоҷикистон дар мавриди номзадии Арабистони Саудӣ барои мизбонии ЭКСПО -2030 изҳори сипос намудааст.
«Умед дорем, ки ин намоишгоҳ дар Арабистони Саудӣ роҳандозӣ мешавад ва Тоҷикистон дар он иштирок мекунад»,- гуфт Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Саудро 3 октябр дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
Дархости Ар-Риёз барои мизбонии намоишгоҳи «Экспо – 2030» аз ҷониби Арабистони Саудӣ моҳи октябри соли 2021 эълон шуда буд. Овоздиҳӣ дар доираи Ассамблеяи генералии Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо, ки аз рӯи натиҷаҳои он шаҳри ғолиб эълон карда мешавад, соли 2023 баргузор мегардад.
Хотиррасон мешавем, ки Намоишгоҳи ҷаҳонии универсалии «Экспо»-бузургтарин чорабинии байналмилалие мебошад, ки ба кишварҳои ширкаткунанда имкон фароҳам меорад, то худро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намуда, дастовардҳои навтарини технология ва илм, дастовардҳои фарҳангӣ ва шоҳасарҳои нави меъморияшонро намоиш диҳанд. «Экспо-2020» дар Дубай (АМА) гузашт ва «Экспо-2025» дар Осакаи Ҷопон доир мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад






