Тоҷикистон номзадии Арабистони Саудиро барои мизбонии «Экспо -2030» ҷонибдорӣ менамояд

Октябрь 4, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон номзадии Арабистони Саудиро барои мизбонии «Экспо -2030» дар шаҳри Ар-Риёз ҷонибдорӣ менамояд. Дар ин бора  Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд пас аз мулоқот дар Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт.

Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд таъкид намуд, ки ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҷониби Тоҷикистон дар мавриди номзадии Арабистони Саудӣ барои мизбонии ЭКСПО -2030 изҳори сипос намудааст.

«Умед дорем, ки ин намоишгоҳ дар Арабистони Саудӣ роҳандозӣ мешавад ва Тоҷикистон дар он иштирок мекунад»,- гуфт Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Саудро 3 октябр дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.

Дархости Ар-Риёз барои мизбонии намоишгоҳи «Экспо – 2030» аз ҷониби Арабистони Саудӣ моҳи октябри соли 2021 эълон шуда буд. Овоздиҳӣ дар доираи Ассамблеяи генералии Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо, ки аз рӯи натиҷаҳои он шаҳри ғолиб эълон карда мешавад, соли 2023 баргузор мегардад.

Хотиррасон  мешавем, ки Намоишгоҳи ҷаҳонии универсалии «Экспо»-бузургтарин чорабинии байналмилалие мебошад, ки ба кишварҳои ширкаткунанда имкон фароҳам меорад, то худро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намуда, дастовардҳои навтарини технология ва илм, дастовардҳои фарҳангӣ ва шоҳасарҳои нави меъморияшонро намоиш диҳанд. «Экспо-2020» дар Дубай (АМА) гузашт ва «Экспо-2025» дар Осакаи Ҷопон доир мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 4, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд