Тоҷикистон ва Беларус метавонанд корхонаи васлнамоии мошинҳои «БелАЗ» таъсис диҳанд

Октябрь 14, 2022 13:19

ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазирони саноати Тоҷикистон ва Беларус Шералӣ Кабир ва Александр Рогожник дар Душанбе масъалаи таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ барои васли мошинҳои худпарто (самосвал)-и «БелАЗ»-ро баррасӣ карданд. Дар ин бора дирӯз, 13 октябр дар маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар доданд.

«Зарурати ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ, металлургӣ, химиявӣ, сабук ва хӯрокворӣ, ки захираҳои калон доранд, зикр карда шуд. Аз ҷумла, масъалаи таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ доир ба васли мошинҳои гаронвазни тамғаи «БелАЗ» баррасӣ шуд»,- гуфта шудааст дар иттилоия.


11-12 октябр дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи корхонаҳои истеҳсолии Беларус баргузор гардид, ки дар он, аз ҷумла, маҳсулоти навтарини ширкати «БелАЗ» ба намоиш гузошта шуданд. Ҳайати вакилони ширкатро директори генералй Сергей Никифорович роҳбарӣ намуд. ДАР АКС аз боло: муҷассамаи мошини самосвали «БелАЗ 540А» дар даромадгоҳи НБО «Норак»- яке аз рамзҳои ин сохтмони азими асри 20. Дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Норак», ки дар ИДМ калонтарин буда, даҳ сол идома ёфт, таҷҳизоти заводи Беларус фаъолият менамуд. Ин завод то имрӯз ба Тоҷикистон таҷҳизот таҳвил медиҳад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2022 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид