«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Пагоҳ дар Душанбе маросими ҷоизасупории ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 28 октябр соати 16.00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад, ки дар он се нафар гирандагони Шоҳҷоизаи озмун, ки маблағаш 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, эълон мегарданд. Инчунин ғолибони ҷойи якум бо 35 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм бо 25 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ, диплом ва мукофот сарфароз гардонида мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар робита ба ин имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид. Зимни он 78 нафар иштирокчиёне, ки дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ғолиб омада буданд, бо диплом сарфароз гардонида шуданд.
Зикр шуд, ки пагоҳ дар маросими ҷоизасупории озмуни мазкур аз миёни 78 нафар гирандагони Шоҳҷоиза ва ғолибони номинаҳо муайян карда мешаванд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз намуд, ки «тӯли 4 сол аст Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат баргузор мегардад. Дар ин муддат ҷавонону наврасони соҳибистеъдоду соҳибзавқ аз тамоми мамлакат рӯи саҳнаи ҳунар омаданд. Боварӣ дорам, ки онҳо дар рушду нумӯи санъату мусиқии миллати тоҷик хизматҳои арзанда менамоянд».
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






