ВАТАНАМОНРО ОБОД МЕСОЗЕМ! Роҳи маҳаллаи Рӯдакии Ҷамоати шаҳраки Ҳисор мумфарш мегардад
ДУШАНБЕ, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҳисор, чун дар саросари кишвар, ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии маъракаи «Ватанмонро обод месозем!» роҳандозӣ шудааст. Имруз ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мумфаршкунии беш аз 1 километр роҳи маҳаллаи Рӯдакии Ҷамоати шаҳраки Ҳисор шуруъ шудааст.
Мумфаршкунии роҳи маҳаллаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Нурулло Ҳусейнов бо иштироки Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар оғоз гардид.
Соҳибкор тасмим гирифтааст, ки кӯчаҳо ва роҳи даромадгоҳи маҳалларо то роҳи кӯчаи марказии ба номи Султон Раҷабов, назди маркази савдои «Хуросон» ба масофаи зиёда аз як километр мумфарш намояд.
Раиси шаҳри Ҳисор ба соҳибкор барои амали хайру савобаш изҳори сипос намуд. Ҳамзамон ба роҳсозон дастур дод, ки ба сифати корҳои мумфаршкунӣ бештар аҳамият диҳанд, то аз ин роҳ мардум солҳои зиёд истифода бурда, дар ҳаққашон дуои нек кунанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҷамъомади тантанавӣ таҷлил карда шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид
Дар вазорату кумита ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон 35–солагии Истиқлоли давлатӣ ботантана таҷлил карда шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Филми «Пешво аз қалби мардум» дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо намуд






