ВАТАНАМОНРО ОБОД МЕСОЗЕМ! Роҳи маҳаллаи Рӯдакии Ҷамоати шаҳраки Ҳисор мумфарш мегардад

Октябрь 4, 2022 09:52

ДУШАНБЕ, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҳисор, чун  дар саросари кишвар, ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии  маъракаи «Ватанмонро обод месозем!» роҳандозӣ шудааст. Имруз ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мумфаршкунии беш аз 1 километр роҳи маҳаллаи Рӯдакии Ҷамоати  шаҳраки Ҳисор  шуруъ шудааст.   

Мумфаршкунии роҳи маҳаллаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Нурулло Ҳусейнов бо иштироки  Раиси шаҳри Ҳисор Қосим  Роҳбар оғоз гардид.

Соҳибкор тасмим гирифтааст, ки  кӯчаҳо ва роҳи даромадгоҳи маҳалларо то роҳи кӯчаи марказии ба номи Султон Раҷабов, назди маркази савдои «Хуросон»  ба масофаи зиёда аз як километр мумфарш намояд.

Раиси шаҳри Ҳисор ба соҳибкор барои амали хайру савобаш изҳори сипос намуд. Ҳамзамон ба роҳсозон дастур дод, ки ба сифати корҳои мумфаршкунӣ бештар аҳамият диҳанд, то аз ин роҳ мардум солҳои зиёд истифода бурда, дар ҳаққашон дуои нек кунанд.

          АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Октябрь 4, 2022 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд