Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон суханони блогери украинӣ Дмитрий Гордонро рад намуд

Октябрь 31, 2022 08:04

ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон суханони блогнависи украинӣ Дмитрий Гордонро, ки 28 октябр дар ҷараёни барномаи интернетии «Дар меҳмонии Гордон» дар бораи аз ҷониби Эрон дар Тоҷикистон истеҳсол шудани ҳавопаймоҳои бесарнишине, ки «украиниҳоро нест мекунад», садо доданд, рад намуд.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи Facebook хабар медиҳад.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм таҷҳизоти низомӣ содирот намекунад», — таъкид гардидааст дар баёнияи ВКХ Тоҷикистон.

Мо тавсия медиҳем, ки ҷаноби Гордон минбаъд ба чунин шарҳҳо бодиққат муносибат кунад ва дурустии иттилооти паҳншударо тафтиш кунад.

Ба ҷаноби Гордон тавсия медиҳем, ки минбаъд нисбат ба чунин шарҳҳо бодиққат муносибат кунад ва дурустии иттилооти паҳншударо сараввал санҷад.

«Ҳамчунин ба маълумоти шумо мерасонем, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин бора аз Киев ягон дархости расмӣ дарёфт накардааст», — гуфта шудааст дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Акс: ВКХ ҶТ

Октябрь 31, 2022 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид