Вазорати нақлиёти Тоҷикистон доир ба тағйирёбии ҳамлу нақли бор тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Туркманистон хабар додааст
ДУШАНБЕ, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо фармони Президенти Туркманистон аз 14 сентябри соли 2022» ба қоидаҳо «Дар бораи танзими фаъолияти мақомоти давлатӣ дар сарҳади гумрукии Туркманистон ва муқаррар намудани ҳаҷми ягонаи боҷҳо ва пардохтҳо аз соҳибони хориҷии воситаҳои нақлиёт» тағйирот ворид гардидааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ доданд, тағйироти мазкур ба молрасонҳо ва интиқолдиҳандагони ватаниву хориҷие, ки тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Туркманистон ҳамлу нақли борро амалӣ мекунанд, дахл дорад.
Ҳаҷми пардохтҳо «бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва рақобатпазир барои ҳамлу нақли молҳои содиротӣ-воридӣ ва транзитӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ тибқи Барномаи Президенти Туркманистон оид ба рушди дипломатияи нақлиётӣ барои солҳои 2022-2025, инчунин баланд бардоштани самаранокии гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва транзитӣ тавассути қаламрави Туркманистон» ба роҳ монда шудааст.
Тағйироту иловаҳо ба тарифҳо аз 1 октябри соли 2022 эътибор пайдо мекунанд, гуфта мешавад дар хабар.
АКС аз манбаъҳои боз








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






