Вазорати нақлиёти Тоҷикистон доир ба тағйирёбии ҳамлу нақли бор тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Туркманистон хабар додааст

Октябрь 4, 2022 08:59

ДУШАНБЕ, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо фармони Президенти Туркманистон аз 14 сентябри соли 2022» ба қоидаҳо «Дар бораи танзими фаъолияти мақомоти давлатӣ дар сарҳади гумрукии Туркманистон ва муқаррар намудани ҳаҷми ягонаи боҷҳо ва пардохтҳо аз соҳибони хориҷии воситаҳои нақлиёт» тағйирот ворид гардидааст. 

Тавре  ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ доданд, тағйироти мазкур ба молрасонҳо ва интиқолдиҳандагони ватаниву хориҷие, ки тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Туркманистон  ҳамлу нақли борро амалӣ мекунанд,  дахл дорад.

Ҳаҷми пардохтҳо «бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва рақобатпазир барои ҳамлу нақли молҳои содиротӣ-воридӣ ва транзитӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ тибқи Барномаи Президенти Туркманистон оид ба рушди дипломатияи нақлиётӣ барои солҳои 2022-2025, инчунин баланд бардоштани самаранокии гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва транзитӣ тавассути қаламрави Туркманистон» ба роҳ монда шудааст.

Тағйироту иловаҳо ба тарифҳо аз 1 октябри соли 2022 эътибор пайдо мекунанд, гуфта мешавад дар хабар.

          АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 4, 2022 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 946 миллион сомониро ташкил дод
Рушди ҳамкорӣ дар самти заминсозӣ ва кадастри замин баррасӣ гардид
Ҳаҷми гардиши мутақобили мол байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз 2 баробар афзудааст
Корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд