Воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти Бохтар фаъолияти худро аз терминали Дарвозаи ҷанубӣ ба роҳ мемонанд

Октябрь 26, 2022 13:50

ДУШАНБЕ, 26.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҳудуди шаҳри Душанбе минбаъд ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти Бохтари вилояти Хатлон фаъолияти мусофирбарии худро аз терминали Дарвозаи ҷанубӣ ба роҳ мемонанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон».

Зимни вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ва Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Фатҳиддин Усмонзода бо роҳбарони ниҳодҳои дахлдор дастур дода шуд, ки бо мақсади интиқоли саривақтии мусофирони самти Бохтари вилояти Хатлон аз кӯчаи Н. Қарабоев (истгоҳи бозори Саховат) то терминали мусофирбарии Дарвозаи ҷанубӣ воситаҳои нақлиёти мусофирбари алоҳида ташкил намуда, мусофиронро аз ин нуқта ройгон ба терминали мазкур интиқол диҳанд. Ҳамзамон баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои ронандагон ва мусофирон масъулини терминали мусофирбарии Дарвозаи ҷанубӣ вазифадор гардиданд, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Фирдавс Саидзода иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёт дар пойтахт ва инчунин ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда тадбирҳои зиёди амалӣ андешида, дар даромадгоҳҳои пойтахт терминалҳои мусофирбари муосирро мавриди истифода қарор додааст.

«Бо вуҷуди фароҳам овардани шароити мусоид барои ронандагон ва мусофирони ба ҳудуди пойтахт воридшаванда то ҳанӯз мушкилот дар ин самт ба назар расида, қисме аз ронандагон худсарона дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр, бахусус дар кӯчаи Н. Қарабоев (истгоҳи бозори Саховат), назди биноҳои истиқоматӣ нуқтаи таваққуф ташкил намуда, ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул мебошанд. Ин ҳолатҳо дар ин масир танбашавии роҳу нақлиётро ба миён оварда, сабаби халалдор гардидани оромии истиқоматкунандагони ин минтақа гардидааст»,- афзуд муовини Раиси шаҳри Душанбе.

Иштирокдорон, бахусус ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти Бохтари вилояти Хатлон пешниҳодоти масъулинро қобили қабул шуморида, иброз намуданд, ки худи онҳо дар ин самт ташаббус нишон медиҳанд.

АКС: МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»

Октябрь 26, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид