Юани чинӣ панҷумин асъори аз ҳама сермуомилоттарин дар ҷаҳон гардид
ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Юани чинӣ бо саҳми ҳафт дарсад панҷумин пули сермуомилот дар бозори ҷаҳонӣ шуд. Дар ин бора дар гузориши Бонки байналмилалии ҳисоббаробаркуниҳо (ББҲ), ки ҳафтаи равон нашр шуд, гуфта мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Global Times иттилоъ додааст.
Тибқи тадқиқоти ББҲ, савдои юани чинӣ соли 2022 ба 7% гардиши асъори ҷаҳонӣ расид, ин дар ҳолест, ки соли 2019 он 4 фисадро ташкил медод. Доллари ИМА мавқеи бартариятноки худро бо саҳми бозор тақрибан 90 дарсад нигоҳ дошт, дар ҳоле ки саҳми евро каме коҳиш ёфта, тақрибан 31 фоизро ташкил дод ва чун дуюмин асъори аз ҳама фаъолтарин боқӣ монд. Иенаи Ҷопон бо касби 17% ва фунт стерлинг 13% дар панҷгонаи беҳтарин мавқеъҳои худро нигоҳ доштанд.
Маълумоти оморие, ки дар гузориши ББҲ нашр шудаанд, моҳи апрел бо иштироки бонкҳои марказӣ ва мақомоти дигари 52 доираи ҳуқуқӣ ҷамъоварӣ шудаанд.
Тибқи маълумоти Бонки миллии Чин (Бонки марказӣ), ҳаҷми ҳисоббаробаркуниҳои фаромарзӣ бо юан соли гузашта нисбат ба соли 2020 29 дарсад афзоиш ёфта, ба 36,61 триллион юан (5,12 триллион доллар) расидааст.
Зикр гардид, ки бархе кишварҳои Шарқи Наздик, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Эрон нархгузории арзиши нафти ба Чин мефурӯхтаашонро бо юан оғоз кардаанд.
АКС: Pixabay








МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид






