200 нафар соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон аз Барномаи омӯзиши мудирияти тиҷоратии фаромарзӣ бархурдор гардиданд

Ноябрь 22, 2022 14:48

ДУШАНБЕ, 22.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатӣ доир ба рушди содирот барои солҳои 2021-2025» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи омӯзиши мудирияти тиҷоратии фаромарзии лоиҳаи Ready4Trade Осиёи Марказӣ амал мекунад, ки то ба имрӯз 200 нафар соҳибкорони хурду миёна аз дарсҳои онлайнӣ ва ҳам ҳузурии ин омӯзиш бархурдор шудаанд. Дар ин бора имрӯз муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар Ҳайдар Раҷабов ба доираи васеи рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки барномаи мазкур ҳам аз дарсҳои онлайн ва ҳам ҳузурӣ иборат буда, ҳадаф аз роҳандозии ин ибтикор- боло бардоштани сатҳи дониш ва огоҳӣ аз имконияти нави содиротӣ мебошад, ки метавонад фаъолияти соҳибкорон, махсусан занонро дар Тоҷикистон ба сатҳи нав барорад. Таҳияи барномаи омӯзишии мазкур бо назардошти тағйироти саросарӣ дар ҷаҳон ва пайдоиши роҳҳои нави тиҷоратӣ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи роҳбари миллии лоиҳа, намояндаи Маркази тиҷоратии байналмилалӣ дар Тоҷикистон Алиҷон Алиев, ҳангоми таҳияи ин дарсҳо ба мушкилоти мушаххас ва амалие, ки содироткунандагон ҳангоми фаъолият дучор мегарданд, такя мекунад. Зимни таълими ҳам ҳузурӣ ва ҳам онлайн аз воситаҳои замонавии таълим кор гирифта мешавад, ки ҷалбу шавқмандии фаъолонаи хонандагонро тақозо карда, назорати дарсҳоро осонтар мегардонанд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, зимни муаррифии барномаи мазкур муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Абдураҳмон Абдураҳмонзода иброз намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд чораҳо вобаста ба дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла дастгирии содироткунандагон пешбинӣ гардидаанд. Соли 2021 аз ҷониби Ҳукумати кишвар «Барномаи давлатӣ доир ба рушди содирот барои солҳои 2021-2025» қабул шудааст, ки дар доираи он иҷрои зиёда аз 160 тадбир ва нақшаву чорабиниҳо пешбинӣ гардидааст.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даврони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки содиротро ба кишварҳои ҷаҳон рушд диҳад. Аз ҷумла, дар даврони истиқлолият маҳсулоти содиротии Тоҷикистон аз 40 номгӯйе, ки қаблан буд, ба зиёда аз 450 номгӯй молу маҳсулоти содиротӣ баробар гардид. Тоҷикистон аввалин маротиба соли 2021 тавонист, ки содироти маҳсулоти худро ба зиёда аз 2,3 млрд доллар расонад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи Маркази байналмилалии савдо, яъне Барномаи омӯзишии мудирияти тиҷорати фаромарзӣ, ки дар доираи Лоиҳаи Ready4Trade бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад, умедворем, ки ин барнома шароити хубе фароҳам меорад, то дар оянда бидуни монеаҳои иловагӣ содироткунандагон маҳсулоти худро пешниҳоди бозорҳои ҷаҳонӣ намоянд»,-изҳор дошт А. Абдураҳмонзода.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2022 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд