Абдулҳамид Қаюмов: «Ифтихормандам, ки Парчами давлатии Тоҷикистонро дар қитъаи шашуми ҷаҳон гузоштем!»
ДУШАНБЕ, 24.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 13 сол қабл, 6 январи соли 2009 Парчами давлатии Тоҷикистон дар Антарктида расман барафрохта шуд. Ташаббускори ин иқдом олими тоҷик, иқлимшинос, доктори илмҳои тиб, профессор, узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон ва ҳамзамон Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» — и Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМИТ) Абдулҳамид Қаюмов мебошад.
Ҳадаф-муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ
«Экспедитсияи якуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба Антарктида, ки бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд, ду ҳадаф дошт: муаррифӣ кардани Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ба воситаи гузоштани Парчами давлатӣ дар қитъаи шашуми ҷаҳон ва гузаронидани корҳои тадқиқотӣ дар қитъаи мазкур», — таъкид намуд зимни суҳбат бо хабарнгори АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» — и АМИТ профессор А. Қаюмов.
Тавре профессор А. Қаюмов изҳор медорад, маҳз бо гузоштани Парчами давлатӣ дар Антарктида, Тоҷикистон иқтидори илмии худро дар масъалаҳои муҳими экологӣ, бахусус омӯзиши пиряхҳои Антарктида ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

ДАР АКС: киштие, ки бо он ҳайати намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарии профессор А. Қаюмов барои гузоштани Парчами давлатӣ ба Антарктида сафар карданд
«Давоми солҳои 2008 – 2009 ҳамчун солҳои қутбӣ дар қитъаи Антарктида дар маҷмӯъ 47 давлати пешрафтаи ҷаҳон парчами худро гузошта буданд, ки ҳадафи гузоштани ин парчамҳо, пеш аз ҳама, муаррифӣ кардани ин кишварҳо ҳамчун давлатҳои таҳқиқкунандаи Антарктида ба ҳисоб мерафт. Барои мо низ мояи ифтихор буд, ки дастовардҳои илмии мо дар масъалаи омӯзиши пиряхҳо самарабахш буда, имкон доданд дар қатори 47 давлати дунё мо низ бо ифтихор Парчами давлатии худро дар қитъаи шашум гузорем», — афзуд дар идомаи суҳбат иқлимшиноси тоҷик А. Қаюмов.
25 сол қабл аз экспедитсия парчамгузорӣ дар хоб…
«Қаблан солҳои 1983 – 1984 ман дар экспедитсияи Антарктида иштирок карда будам. Он замон ман мушоҳида намудам, ки дар Антарктида парчами дигар давлатҳо насб шуда буд ва ин парчамҳо давлатҳои худро ҳамчун мамлакатҳое, ки дар Антарктида тадқиқоти илмӣ гузаронидаанд, муаррифӣ менамоянд», — изҳор дошт профессор А. Қаюмов.


Ба иттилои маасуф, азбаски дар экспедитсияи солҳои 1983 – 1984 дар Антарктида намояндагони Тоҷикистон ҳамчун як қисми ИҶШС иштирок намуда буданд, аз ин рӯ, онҳо наметавонистанд Парчами давлатии Тоҷикистонро дар ин қитъаи сардтарини дунё гузоранд, зеро он замон Тоҷикистон мустақил набуд.
«Шурӯъ аз ҳамон замон, яъне соли 1984 то соли 2009, ки ҳамин сол мо Парчами давлатии Тоҷикистонро дар Антарктида барафрохтем, ман ҳамеша ба он андеша мекардам, ки мо низ бояд ҳатман Парчами худро дар қитъаи шашум гузорем. Яъне 25 сол қабл аз барафрохтани Парчами давлатӣ дар Антарктида ман ин иқдомро ҳамеша дар хобам медидам, ки чӣ тавр Парчами давлатиро дар қитъаи шашум гузошта истодаам. Ҷолибияташ он буд, ки баъд аз барафрохтани Парчами давлатӣ дар Антарктида ман дигар чунин хобро надидам», — мегӯяд шӯхиомез иқлимшинос А. Қаюмов.
Помир-Антарктидаи хурд… ё хулосабардорӣ аз экспедитсия
Абдулҳамид Қаюмов зимни суҳбат бо хабарнгори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки дар баробари барафрохтани Парчами давлатӣ дар Антарктида ҳамчунин зимни экспедитсияи 54-уми антарктикӣ маълум гардид, ки иқлими Тоҷикистон бо сардиҳои худ ба Антарктида шабоҳат дорад. Аз ҷумла, ба андешаи мавсуф, Помирро Антарктидаи хурд эътироф намудани ҷомеаи ҷаҳон беасос нест, зеро ҳам аз ҷиҳати иқлим, ҳам ҳарорати ҳаво ва ҳам ландшафт Помир ва Антарктида шабеҳи ҳамдигаранд.


ДАР АКС: қитъаи Антарктида (аз чап ба рост) ва қаторкӯҳҳои Помир
Ба иттилои А. Қаюмов, дар баландкӯҳҳои мамлакат то 68 – 70 дараҷа хунукӣ мавҷуд буда, растаниҳое, ки дар ин баландкӯҳҳо мерӯянд, ба растаниҳои нисбатан содаи Антарктида хеле монанд ва мутобиқанд. Далелҳои илмӣ нишон доданд, ки ҳам дар Антарктида ва ҳам дар Помир пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳарорати ҳаво коҳиш ёфта истодаанд. «Ягона фарқият миёни ин ду қитъа дар он аст, ки ҳаҷми обшавии пиряхҳо дар Антарктида зиёд, вале дар Помир кам аст. Аммо раванди обшавии пиряхҳо ҳам дар Антарктида ва ҳам дар пиряхҳои Тоҷикистон як хел ба назар мерасад», — илова намуд дар идомаи суҳбат иқлимшинос А. Қаюмов.
Ёдовар бояд шуд, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ борҳо дар арсаи ҷаҳонӣ баланд барафрохта шудааст. Он дар баландтарин қуллаҳои кӯҳҳои Помир, тақрибан тӯли 7 моҳ дар кайҳон парафшон буд. Чанд сол қабл ба пешвози 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дипломатҳои кишвар ба қуллаи кӯҳи Фудзиямаи Ҷопон баромада, дар он ҷо Парчами давлатии кишвари моро барафрохтанд. Тоҷикписари қирғизистонӣ Солиҷон Шарипов 23 январи соли 1998 ба кайҳон парвоз намуд ва бо худ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамроҳ гирифт. Ин парчам муддати 193 рӯз дар кайҳон буд.
Ин ҳама ифтихор ва сари баланди мо аз доштани Парчами давлатиамон мебошад.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!
Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/бойгонии Абдулҳамид Қаюмов









Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
Имрӯз дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ муколаимаи инвеститсионӣ баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
Форуми «Сармоягузорӣ ба илм ва навоварии ҷавонон: Назари минтақавии форуми ҷаҳонии озуқаворӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд
Дар Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт сохта мешавад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бозорҳоро бо маҳсулоти босифат таъмин мекунанд
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
Нигина Анварӣ: «Баргузории Конфронси ФАО дар Душанбе бозгӯи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон ва саҳми фаъолонаи он дар рушди устувори кишоварзӣ аст»






