Абдулҳамид Қаюмов: «Ифтихормандам, ки Парчами давлатии Тоҷикистонро дар қитъаи шашуми ҷаҳон гузоштем!»

Ноябрь 24, 2022 11:27

ДУШАНБЕ, 24.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 13 сол қабл, 6 январи соли 2009 Парчами давлатии Тоҷикистон дар Антарктида расман барафрохта шуд. Ташаббускори ин иқдом  олими тоҷик, иқлимшинос, доктори илмҳои тиб, профессор, узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон ва ҳамзамон Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» — и Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМИТ) Абдулҳамид Қаюмов мебошад.

Ҳадаф-муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ

«Экспедитсияи якуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба Антарктида, ки бо супориши  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд, ду ҳадаф дошт: муаррифӣ кардани Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ба воситаи гузоштани Парчами давлатӣ дар қитъаи шашуми ҷаҳон ва гузаронидани корҳои тадқиқотӣ дар қитъаи мазкур», — таъкид намуд зимни суҳбат бо хабарнгори АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» — и АМИТ профессор А. Қаюмов.

Тавре профессор А. Қаюмов изҳор медорад, маҳз бо гузоштани Парчами давлатӣ дар Антарктида, Тоҷикистон иқтидори илмии худро дар масъалаҳои муҳими экологӣ, бахусус омӯзиши пиряхҳои Антарктида ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. 

ДАР АКС: киштие, ки бо он ҳайати намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарии профессор А. Қаюмов барои гузоштани Парчами давлатӣ ба Антарктида сафар карданд

«Давоми солҳои 2008 – 2009 ҳамчун солҳои қутбӣ дар қитъаи Антарктида дар маҷмӯъ 47 давлати пешрафтаи ҷаҳон парчами худро гузошта буданд, ки ҳадафи гузоштани ин парчамҳо, пеш аз ҳама, муаррифӣ кардани ин кишварҳо ҳамчун давлатҳои таҳқиқкунандаи Антарктида ба ҳисоб мерафт. Барои мо низ мояи ифтихор буд, ки дастовардҳои илмии мо дар масъалаи омӯзиши пиряхҳо самарабахш буда, имкон доданд дар қатори 47 давлати дунё мо низ бо ифтихор Парчами давлатии худро дар қитъаи шашум гузорем», — афзуд дар идомаи суҳбат иқлимшиноси тоҷик А. Қаюмов.

25 сол қабл аз экспедитсия парчамгузорӣ дар хоб…

«Қаблан солҳои 1983 – 1984 ман дар экспедитсияи Антарктида иштирок карда будам. Он замон ман мушоҳида намудам, ки дар Антарктида парчами дигар давлатҳо насб шуда буд ва ин парчамҳо давлатҳои худро ҳамчун мамлакатҳое, ки дар Антарктида тадқиқоти илмӣ гузаронидаанд, муаррифӣ менамоянд», — изҳор дошт профессор А. Қаюмов.


Ба иттилои маасуф, азбаски дар экспедитсияи солҳои 1983 – 1984 дар Антарктида намояндагони Тоҷикистон ҳамчун як қисми ИҶШС иштирок намуда буданд, аз ин рӯ, онҳо наметавонистанд Парчами давлатии Тоҷикистонро дар ин қитъаи сардтарини дунё гузоранд, зеро он замон Тоҷикистон мустақил набуд.

«Шурӯъ аз ҳамон замон, яъне соли 1984 то соли 2009, ки ҳамин сол мо Парчами давлатии Тоҷикистонро дар Антарктида барафрохтем, ман ҳамеша ба он андеша мекардам, ки мо низ бояд ҳатман Парчами худро дар қитъаи шашум гузорем. Яъне 25 сол қабл аз  барафрохтани Парчами давлатӣ дар Антарктида ман ин иқдомро  ҳамеша дар хобам медидам, ки чӣ тавр Парчами давлатиро дар қитъаи шашум гузошта истодаам. Ҷолибияташ он буд, ки баъд аз барафрохтани Парчами давлатӣ дар Антарктида ман дигар чунин хобро надидам», — мегӯяд шӯхиомез иқлимшинос А. Қаюмов.

Помир-Антарктидаи хурд… ё хулосабардорӣ аз экспедитсия

Абдулҳамид Қаюмов зимни суҳбат бо хабарнгори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки дар баробари барафрохтани Парчами давлатӣ дар Антарктида ҳамчунин зимни экспедитсияи 54-уми антарктикӣ маълум гардид, ки иқлими Тоҷикистон бо сардиҳои худ ба Антарктида шабоҳат дорад. Аз ҷумла, ба андешаи мавсуф, Помирро Антарктидаи хурд эътироф намудани ҷомеаи ҷаҳон беасос нест, зеро ҳам аз ҷиҳати иқлим, ҳам ҳарорати ҳаво ва ҳам ландшафт Помир ва Антарктида шабеҳи ҳамдигаранд.


ДАР АКС: қитъаи Антарктида (аз чап ба рост) ва қаторкӯҳҳои Помир

Ба иттилои А. Қаюмов, дар баландкӯҳҳои мамлакат то 68 – 70 дараҷа хунукӣ мавҷуд буда, растаниҳое, ки дар ин баландкӯҳҳо мерӯянд, ба растаниҳои нисбатан содаи Антарктида хеле монанд ва мутобиқанд. Далелҳои илмӣ нишон доданд, ки ҳам дар Антарктида ва ҳам дар Помир пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳарорати ҳаво коҳиш ёфта истодаанд. «Ягона фарқият миёни ин ду қитъа дар он аст, ки ҳаҷми обшавии пиряхҳо дар Антарктида зиёд, вале дар Помир кам аст. Аммо раванди обшавии пиряхҳо ҳам дар Антарктида ва ҳам дар пиряхҳои Тоҷикистон як хел ба назар мерасад», — илова намуд дар идомаи суҳбат иқлимшинос А. Қаюмов.

ДАР АКС: Профессор А. Қаюмов муқимони доимии Антарктидаро бо Парчами давлатӣ шинос менамояд

Ёдовар бояд шуд, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ борҳо дар арсаи ҷаҳонӣ баланд барафрохта шудааст. Он дар баландтарин қуллаҳои кӯҳҳои Помир, тақрибан тӯли 7 моҳ дар кайҳон парафшон буд. Чанд сол қабл ба пешвози 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дипломатҳои кишвар ба қуллаи кӯҳи Фудзиямаи Ҷопон баромада, дар он ҷо Парчами давлатии кишвари моро барафрохтанд. Тоҷикписари қирғизистонӣ Солиҷон Шарипов 23 январи соли 1998 ба кайҳон парвоз намуд ва бо худ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамроҳ гирифт. Ин парчам муддати 193 рӯз дар кайҳон буд.

Ин ҳама ифтихор ва сари баланди мо аз доштани Парчами давлатиамон мебошад.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!

Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/бойгонии Абдулҳамид Қаюмов

Ноябрь 24, 2022 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» баргузор мегардад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳайати IFC масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Душанбе Конфронси 9-уми ҷаҳонӣ оид ба ҳайвоноти ҷуфтсуми кӯҳӣ доир шуд
Дар Душанбе байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд созишномаи грантӣ ба имзо расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Муассисаҳои соҳаи маорифи Тоҷикистон ба он чӣ гуна омодагӣ гирифтаанд?
Омилҳо ва тамоюлҳои рушди соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ шуданд
Дар вилояти Хатлон 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мешавад
ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология ба Саридораи геология дастгоҳҳои замонавии рақамӣ дастрас гардид
«ИМОД» БАРОИ НЕРУГОҲҲОИ БАРҚИ ОБӢ ТАҶҲИЗОТ ИСТЕҲСОЛ МЕНАМОЯД. Эҳдо ба Рӯзи соҳибкорони Тоҷикистон
3765 ГЕКТАР ЗАМИН БА АҲОЛӢ. Дар Бадахшон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои бунёди хонаи истиқоматӣ нисбат ба соли 1991 беш аз 3 баробар зиёд замин ҷудо гардидааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рӯзафзуни иқтисодиёт ноил шудан ғайриимкон аст