Ҳайати меҳмонон барои иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ вориди вилояти Суғд гардид
ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр гурӯҳи калони меҳмонон аз гӯшаву канори Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи шанздаҳуми Шӯрои Олӣ ба вилояти Суғд омад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадмоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ба ҳайат ходимони давлативу ҷамъиятӣ, вакилони Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ, аҳли зиё, адибону олимон, шоирону сиёсатмадорон шомил буда, меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулин истиқбол гирифтанд.
Меҳмонон нахуст дар пояи маҷмааи «Дуои Модар» чун рамзи эҳтиром гулдастаҳо гузошта, аз гулгаштҳои зебои фурудгоҳ, ки тайи чанд соли охир ба макони зебову назаррабо табдил ёфтаанд, боздид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки тантанаҳои идона бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб доир мешаванд. Қасри таърихии Арбоб макони баргузории иҷлосия буда, 30 сол пеш вакилони халқ маҳз дар толори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуда буданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд











16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон ва ҳокимияти иҷроия доир шуд
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар мавзуи «Дипломатияи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – назария ва амалияи он» ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Тоҷикистону Кипр робитаҳои байнипарламентиро тақвият медиҳанд
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба иқтисод ва молия бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд






