Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои узви ИДМ ширкат варзид

Ноябрь 25, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 25.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуд, иттилоъ доданд дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Дар кори ҷаласа намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Узбекистон иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалишавии Стратегияи ҳамкории байналмилалии ҷавонон барои солҳои 2021-2030 баррасӣ гардида, аз ҷониби иштирокчиён ҳисобот пешниҳод гардид.

Ҳамзамон зимни ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои узви ИДМ нақшаи чорабиниҳо барои соли 2023 тасдиқ гардид.

Ёддовар мешавем, ки Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои узви ИДМ дар асоси Созишномаи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон 25 ноябри соли 2005 таъсис ёфтааст.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд