ҲАШТОДУ ЯК ДАВИ ДИГАР МОНД. Мина Гулӣ дави охиринро дар Конфронси оби СММ-2023 ҷамъбаст мекунад

Ноябрь 5, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 05.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Давандаи австралиягӣ Мина Гулӣ аз 200 дави банақшагирифта дар арафаи Конфронси оби СММ-2023, ки 22-24 марти соли 2023 таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд дар Ню-Йорк доир мегардад, то имрӯз 119-тои онро анҷом додааст. Дави охирини ӯ ба Урдун рост меояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба саҳифаи фейсбукии давандаи австралиягӣ Мина Гулӣ иттилоъ медиҳад.

Дар марафони дастаи #RunBlue (#ДавиКабуд) Мина Гулӣ дар конфронсҳо ширкат намуда, бо сиёсатмадорон, роҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣ ва пешвоёни ҷаҳонӣ дар бораи марафонҳояш ба шарафи Конфронси об суҳбат мекунад.

«Давидани 200 марафон осон нест. Вақте ки бароям марафон душвор менамояд, ба худам хотиррасон мекунам, ки ман уҳдадор шудаам ва онро иҷро мекунам. Ҳар қадар душвор бошад ҳам, ман аз уҳдаи кор мебароям. Моҳи марти соли 2023 дар зинапояҳои бинои СММ дар Ню Йорк, дар Конфронси оби СММ-2023 онро ба итмом мерасонам», — навиштааст Мина Гулӣ дар саҳифаи фейсбукии худ.

Ёдовар мешавем, ки шаҳрванди Австралия Мина Гулӣ аз 15 май то 10 июни соли равон бо дави беназири худ дар Тоҷикистон дар 11 марафон бахшида ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ширкат варзиж. Ӯ ҳамчунин дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе, ки аз 6 то 9 июн баргузор шуд, иштирок намуда, дар доираи он бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.


Бояд тазаккур дод, ки яке аз ҳадафҳои асосии давҳои Мина Гулӣ, ки дар тамоми ҷаҳон доир мегарданд, ин тарғибу ташвиқи масоили об, гузаронидани суҳбат бо тарафҳои ҳавасманд ва огоҳӣ пайдо кардан аз мушкилоти онҳо мебошад, ки дар раванди Конфронси оби СММ-2023 овози онҳо низ расонида мешавад.

Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 5, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд