Ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид шуд: минбаъд 5 апрел — Рӯзи кормандони мақомоти иҷро таҷлил мегардад

Ноябрь 3, 2022 12:22

ДУШАНБЕ, 03.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати нав илова гардида, тибқи он 5 апрел — Рӯзи кормандони мақомоти иҷро муайян карда шуд. Дар ин бора 12  октябри соли равон  дар  иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, даъвати шашум зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  иттилоъ дода шуд.

Дар иҷлосия зимни баррасии лоиҳаи қонун сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода иброз дошт, ки «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018  Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъсис дода шуд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ба танзим медарорад».

«Новобаста ба мақомоти навтаъсис будан роҳбарият ва кормандони хадамот бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои дигар мақомоти давлатиро ҳамчун самти афзалиятноки ­фаъолият ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Алҳол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  Рӯзи кормандони мақомоти иҷро пешбинӣ нагардидааст ва бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани ­фаъолияти кормандон муайян кардани Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ба мақсад мувофиқ мебошад», — тазаккур дод Барно Саидвализода.

АКС: манбаъҳои боз

Ноябрь 3, 2022 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид