Бахшида ба Рӯзи Президент ва 30-солагии Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз рамзҳои нахустин ва муҳимтарини тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дурнамои рушди он дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ташкили муассисаи олии таълимии касбӣ- Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар маркази вилоят мебошад, ки он дар арафаи таҷлили яксолагии истиқлолияти давлатӣ таъсис дода шуд. Ин боргоҳи илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ сабаби пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаи кӯҳистон гардида, барои тарбияи ахлоқӣ, ташаккули худшиносии миллӣ, тақвияти маънавиёт ва маърифати аҳли ҷомеа заминаи устувор фароҳам овард. Ин нуктаро имрӯз Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Амид Комилбек зимни Конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявӣ иброз намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи мазкур.
Имрӯз таҳти унвони «Рушди илм ва маориф дар шароити ҷаҳонишавӣ дар мисоли шароити кӯҳистон: мушкилот, равишҳои нав ва тадқиқоти дахлдор» бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 30-солагии Донишгоҳи давлатии Хоруғ Конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявӣ доир гардид.
Дар кори он муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нилуфар Асламшоева, Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, Ректори Донишгоҳи Русеи Булғористон Христо Белоев, Директори Маркази технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи Русеи Булғористон Ангел Смрикаров, Директори Маркази таълимии туризм ва меҳмондории Академияи байналмилалии Балтия Марина Гунаре, ҳайати профессорон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи шаҳру вилоят ва муассисаҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Дар даромадгоҳи донишгоҳ намоиши китобҳои Пешвои миллат, мавод оид ба Иҷлосияи тақдирсоз, дастовардҳои ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ, ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва ба маърази тамошои иштирокдорон гузошта шуд.
Ректори донишгоҳ Амид Комилбек Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро санаи муҳимтарини таърихи муосири тоҷик ном буда, зикр кард, ки тамоми пешравӣ, созандагию бунёдкорӣ ва аз ҳама муҳим, сулҳу суботи Ватан аз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз оғоз ёфтанд.
Нилуфар Асламшоева иброз намуд, ки бо талошҳои хастагинопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи маориф рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, омӯзгорони тарки касбкарда дубора ба мактаб баргаштанд, сатҳу сифати таълим низ беҳтар гардид. Бар замми ин маблағгузории соҳа низ афзуда, муассисаҳои наву замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ризо Назарзода оид ба дастовардҳои иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти шаҳри Хоруғ, махсусан дар ҷодаи таълиму тарбия ибрози назар намуд.
Дар охири ҷаласа барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Акс: ДДХ










35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»






