Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022 — 2027 тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 10.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур тасдиқ гардид. Тибқи барномаи мазкур, дар вилояти Хатлон то соли 2027 қариб 350 муассисаи таълимӣ бо маблағгузории 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода иттилоъ дод.
«Тибқи нақша, барномаи мазкур дар ду марҳила- солҳои 2022-2024 ва 2024-2027 амалӣ гардонида шуда, аз се замима иборат аст: сохтани муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба синфхонаҳои иловагӣ ниёз доранд. Марҳилаи дуюм, муассисаҳои таълимие, ки дар деҳаҳои навбунёд ва деҳаҳое, ки шумораи аҳолиашон рӯ ба афзоиш аст, ба инобат гирифта мешаванд»,-изҳор дошт сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Ба зикри номбурда, тибқи замимаи сеюм таъмиру навсозии муассисаҳои таълимие, ки биноҳои он ба таъмиру навсозӣ ниёз доранд, яъне биноҳои се-чор ошёна, ки ба таъмиру таҷдид ниёз доранд, навсозӣ мегарданд.
Ҳадаф аз барномаи мазкур беҳтар гардонидани вазъи моддӣ-ехникии муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошад.
«Тибқи таҳлиле, ки аз ҷониби Раёсати маорифи вилояти Хатлон соли равон анҷом дода шуд, маълум гардид, ки беш аз 46 ҳазор хонанда синфи 11 -ро хатм кардаанд ва 102 ҳазор хонанда ба синфи якум қабул карда шуданд. Аз ин рӯ ин масъала зарурат ба миён овардааст, ки барномаи мазкур таҳия ва қабул карда шавад»,- гуфт Ғазалшоҳ Сафарзода.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд






