Барои навсозии роҳи мошингарди Тугарак-Саричашма-Шӯрообод ва Чашмасор-Лангар 800 ҳазор доллар ҷудо мегардад

Ноябрь 4, 2022 10:03

ДУШАНБЕ, 04.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Барои татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳи мошингарди Тугарак — Саричашма — Шӯрообод ва Чашмасор-Лангар ба маблағи 800 ҳазор доллари ИМА грант ҷудо мегардад. Роҳи мошингарди Тугарак — Саричашма — Шӯрообод (дарозиаш 48 км) аз ҳудуди ноҳияҳои Восеъ ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад. Роҳи мошингарди Чашмасор — Лангар бо дарозии 8,5 км дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҷойгир мебошад. Ин масъала дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 2 ноябри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Дар назди вакилон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз рӯи масъала «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб барои маблағгузории омодасозии асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Тугарак — Саричашма — Шӯрообод ва Чашмасор — Лангар» сухан кард.

«Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкории боэътимод бо Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб фонди мазкур ҳавасмандиро вобаста ба маблағгузории асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои таҷдиди роҳи мошингарди Тугарак — Саричашма — Шӯрообод ва Чашмасор-Лангар баён намуд. Шӯрои директорони фонди мазкур ҷиҳати ҷудо намудани грант ба маблағи 250 ҳазор динори кувайтӣ (муодили 800 ҳазор доллари ИМА) розигӣ дод. Маблағи барои омодасозии асосноккунии техникиву иқтисодии ин ду қитъаи роҳ пешбинишуда ба ширкати машваратчӣ пардохт мешавад ва он ҳамчун кумаки бебозгашти техникӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, сарбории иловагӣ ба буҷети кишвар эҷод намекунад»,- гуфт Вазири нақлиёт.

Иттилоъ дода шуд, ки оғози роҳи мошингарди Тугарак — Саричашма — Шӯрообод дар километри 168- и шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — Кулма ҷойгир мебошад. Татбиқи лоиҳаи мазкур ба сифатан беҳтар гардидани роҳҳои мошингарди байнидеҳавӣ, осон гардидани рафтуомади сокинон, афзоиши ҳамлу нақли бор, рушди иқтисодиву иҷтимоии сокинони деҳаҳои пайвастшаванда ба роҳи байналмилалии Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — Кулма, беҳтар гардидани инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси ошхонаҳои канори роҳ, меҳмонхонаҳо, истгоҳҳои таъмири техникӣ, мағозаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин тартиб таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Оғози сохтмони роҳи мошингарди Чашмасор — Лангар аз километри 23-юми роҳи Кӯлоб — Муъминобод шурўъ мегардад. Сохтмони ин қитъаи роҳ низ аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ дошта, ба афзоиш ёфтани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, васеъ гардидани имконияти интиқоли молу маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои минтақа ва беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб барои маблағгузории омодасозии асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Тугарак-Саричашма — Шӯрообод ва Чашмасор — Лангар» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Маҷлиси намояндагон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 4, 2022 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард