БИСТ СОЛ ДАР СОҲАИ АУДИТ. Роҳбари нави «Алиф Бонк» таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси нави «Алиф Бонк» Гуланор Атобек таъйин гардид, ки то ин муддат ба ҳайси муовини аввали раис фаъолият дошт. Дар ин бора дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаммуассиси ташкилот Абдулло Қурбонов хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Роҳбари навтаъйин Гуланор Атобек қаблан ба ҳайси роҳбари намояндагии тоҷикистонии бузургтарин ширкати аудитории Deloitte кор карда, ҳамчунин ҳудуди 20 сол дар соҳаи аудит дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон фаъолият намудааст. Ӯ тӯли 13 сол ширкати аудиторӣ дар Тоҷикистонро сарварӣ намудааст.
Гуланор дар «Алиф» қариб як сол фаъолият намуда, дар ин муддат худро хуб нишон дод. Қурбонов хоксорӣ ва сифатҳои баланди сарварии роҳбари нави бонкро зикр намуд. Ба гуфтаи ӯ, Гуланор Атобек- яке аз беҳтарин мутахассисон дар соҳаи худ аст.
Дар идоракунии ташкилот ба ӯ Далер Каримов ва Диловар Амонов кумак мерасонанд.
Қурбонов ва дигар муассисони бонк мехоҳанд, ки холдинги «Алиф», аз ҷумла лоиҳаи марбут ба технологияи блокчейнро инкишоф диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки «Алиф Бонк» соли 2014 ҳамчун ташкилоти хурди қарзӣ таъсис ёфта, соли 2020 ба бонки мукаммал табдил ёфт ва ҳоло пешоҳанги технологияҳои навин дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Шумораи коргарони ташкилот 800 нафарро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Узбекистон ташкил медиҳад. Сармояи оинномавии бонк 60 млн сомонӣ арзёбӣ мегардад.
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
Гуланор АТОБЕК дар шаҳри Душанбе дар оилаи омӯзгорон ба дунё омада, мактаби миёнаро дар Хоруғ бо шаҳодатномаи сурх хатм намудааст. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ таҳсил карда, Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дар Бишкекро хатм кардааст.
Ба ғайр аз забони модарӣ-тоҷикӣ ӯ бо забонҳои русӣ ва англисӣ озодона ҳарф мезанад.
Тӯли 13 сол роҳбарии ташкилоти аудиториро дар Тоҷикистон бар зимма дошт.
То ба ин вазифа таъйин шудан муовини Раиси «Алиф Бонк» буд.
АКС аз бойгонии Г. Атобек








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






