БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Дар Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии шаҳри Бохтар озмуни малакаи зеҳнӣ аз фанни биология гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 29.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба солҳои 2020-2040 эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Муассисаи таълимии Коллеҷи тиббӣ — инноватсионии шаҳри Бохтар байни донишҷӯёни бахши якум озмуни малакаи зеҳнӣ аз фанни биология гузаронида шуд. Дар озмун дастаи «Сино», ки ба он донишҷўёни бахши ихтисоси кори дорусозӣ шомил шуда буданд, сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи мазкур хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, озмуни мазкур бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ, табиӣ ва риёзии Муассисаи таълимии Коллеҷи тиббӣ – инноватсионии зикршуда бо роҳбарии омӯзгори фанни биология Саида Юсупова гузаронида шуд. Дар он довталабон ба ду гурӯҳ тақсим гардиданд, ки яке дастаи «Шифо» ва дигаре «Сино» номгузорӣ шуд. Иштирокдорон аз рўи 7 шарт амал намуданд, ки яке аз онҳо ин тарзи дуруст ҷо ба ҷо намудани узвҳои бадани инсон дар муляжҳо буд. Довталабон дар ҳамаи шартҳо фаъолнокӣ нишон дода, аз ҷониби аъзои ҳакамон ба донишу маҳорати онҳо баҳои муносиб дода шуд.
Директори Муассисаи таълимии Коллеҷи тиббӣ — инноватсионии шаҳри Бохтар Ғаюр Раҳмонзода зикр кард, ки дар муассиса дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барномаҳои гуногун амалӣ мегарданд, ки баргузории чунин озмунҳо аз ҷумлаи онҳо мебошад.
«Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи мазкур 31 январи соли 2020 ба имзо расида буд. Моҳи марти соли 2020 Сарвари давлат зимни мулоқот бо олимони мамлакат иброз доштанд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Аз ин рӯ, мо рушди илмҳои муосир, махсусан дақиқро ба мадди аввал гузоштем, зеро дар назди мо боз як вазифаи бузург, яъне ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии босуръати кишвар қарор дорад»,-тазаккур дод Ғаюр Раҳмонзода.
АКС: Муассисаи таълимии Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии шаҳри Бохтар










Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






