БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Дар Донишгоҳи давлати Хоруғ озмоишгоҳҳои замонавӣ фаъолият менамоянд

Ноябрь 26, 2022 10:49

ДУШАНБЕ, 26.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлати Хоруғ ба номи М. Назаршоев 3 озмоишгоҳ ва як маркази системаи геоиттилоотӣ фаъолият доранд, ки ба амалӣ намудани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф мусоидат менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Ректори Донишгоҳи давлати Хоруғ Амид Комилбек хабар дод.

Мавсуф тазаккур дод, ки донишгоҳи мазкур дар тӯли 30 соли фаъолият ба заминаҳои хуби моддию техникӣ, махсусан дар самти ихтисосҳои илмҳои табиӣ, аз ҷумла геология, гидрогеология ва сохтмони иншооти гидротехникӣ, коркарди масолеҳи сангӣ ва монанди ин ноил гардидааст.

«Имрӯз дар донишгоҳ 3 озмоишгоҳ ва як маркази системаи геоиттилоотӣ фаъолият мекунанд. Озмоишгоҳҳои мазкур бо беҳтарин таҷҳизоти муосири соҳа ҷиҳозонида шудаанд. Аз ҷумла, дар озмоишгоҳи «Суфтакунӣ ва коркарди санг» дастгоҳҳои сангбурӣ ва суфтакунии Ширкати бонуфузи Struers-и давлати Дания насб гардидаанд»,-зикр кард ӯ.

Дар озмоишгоҳи мазкур дарсҳои амалии донишҷӯён оид ба омӯзиш ва коркарди сангҳои ороишӣ гузаронида шуда истодаанд ва масолеҳи коркардашуда барои ороиши утоқҳои донишгоҳ истифода мешавад.

Ҳамзамон Амид Комилбек иброз намуд, ки устодони ин озмоишгоҳ дар хориҷи кишвар тӯли ду моҳ барои такмили ихтисос ва аз худ кардани кор бо ин намуди дастгоҳ ва коркарди масолеҳи сангӣ сафарбар шуда, айни замон ба донишҷӯён дониши андӯхтаи худро меомӯзанд.

Ёдовар мешавем, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шудаанд. Фармони мазкур 31 январи соли 2020 ба имзо расида буд.

Моҳи марти соли 2020 Сарвари давлат зимни мулоқот бо олимони мамлакат гуфта буданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Аз ин рӯ, мо рушди илмҳои муосир, махсусан дақиқро ба мадди аввал гузоштем, зеро дар назди мо боз як вазифаи бузург, яъне ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии босуръати кишвар қарор дорад».

Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо ин мақсад истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш ёфта, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавонон тақвият дода шуда, бояд барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем.

Маҳз бо ҳамин мақсад дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илм, маориф ва инноватсия таъсис дода шуда, санҷиши фаъолияти марказу муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омӯзиши мавқеи кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ба рушд ва инкишофи илму маориф мусоидат мекунанд, оғоз ёфт. Ба Шабакаи навтаъсиси «Илм ва табиат» дар якҷоягӣ бо шабакаи «Баҳористон» супориш дода шуд, ки таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд ва дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳо дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионӣ муаррифӣ карда шаванд.

Дар робита ба ин соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад.

Акс: ДДХ

Ноябрь 26, 2022 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд