БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Дар Донишгоҳи давлати Хоруғ озмоишгоҳҳои замонавӣ фаъолият менамоянд
ДУШАНБЕ, 26.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлати Хоруғ ба номи М. Назаршоев 3 озмоишгоҳ ва як маркази системаи геоиттилоотӣ фаъолият доранд, ки ба амалӣ намудани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф мусоидат менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Ректори Донишгоҳи давлати Хоруғ Амид Комилбек хабар дод.
Мавсуф тазаккур дод, ки донишгоҳи мазкур дар тӯли 30 соли фаъолият ба заминаҳои хуби моддию техникӣ, махсусан дар самти ихтисосҳои илмҳои табиӣ, аз ҷумла геология, гидрогеология ва сохтмони иншооти гидротехникӣ, коркарди масолеҳи сангӣ ва монанди ин ноил гардидааст.
«Имрӯз дар донишгоҳ 3 озмоишгоҳ ва як маркази системаи геоиттилоотӣ фаъолият мекунанд. Озмоишгоҳҳои мазкур бо беҳтарин таҷҳизоти муосири соҳа ҷиҳозонида шудаанд. Аз ҷумла, дар озмоишгоҳи «Суфтакунӣ ва коркарди санг» дастгоҳҳои сангбурӣ ва суфтакунии Ширкати бонуфузи Struers-и давлати Дания насб гардидаанд»,-зикр кард ӯ.
Дар озмоишгоҳи мазкур дарсҳои амалии донишҷӯён оид ба омӯзиш ва коркарди сангҳои ороишӣ гузаронида шуда истодаанд ва масолеҳи коркардашуда барои ороиши утоқҳои донишгоҳ истифода мешавад.
Ҳамзамон Амид Комилбек иброз намуд, ки устодони ин озмоишгоҳ дар хориҷи кишвар тӯли ду моҳ барои такмили ихтисос ва аз худ кардани кор бо ин намуди дастгоҳ ва коркарди масолеҳи сангӣ сафарбар шуда, айни замон ба донишҷӯён дониши андӯхтаи худро меомӯзанд.
Ёдовар мешавем, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шудаанд. Фармони мазкур 31 январи соли 2020 ба имзо расида буд.
Моҳи марти соли 2020 Сарвари давлат зимни мулоқот бо олимони мамлакат гуфта буданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Аз ин рӯ, мо рушди илмҳои муосир, махсусан дақиқро ба мадди аввал гузоштем, зеро дар назди мо боз як вазифаи бузург, яъне ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии босуръати кишвар қарор дорад».
Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо ин мақсад истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш ёфта, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавонон тақвият дода шуда, бояд барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем.
Маҳз бо ҳамин мақсад дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илм, маориф ва инноватсия таъсис дода шуда, санҷиши фаъолияти марказу муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омӯзиши мавқеи кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ба рушд ва инкишофи илму маориф мусоидат мекунанд, оғоз ёфт. Ба Шабакаи навтаъсиси «Илм ва табиат» дар якҷоягӣ бо шабакаи «Баҳористон» супориш дода шуд, ки таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд ва дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳо дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионӣ муаррифӣ карда шаванд.
Дар робита ба ин соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад.
Акс: ДДХ








Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»






