Бо мақсади пешгирӣ аз чангу ғубор дар ноҳияи Шаҳритус дар зиёда аз 200 гектар ниҳоли саксаул шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар майдони зиёда аз 200 гектар ниҳоли саксаул шинонида шуд. Дар назар аст, ки то мавсими баҳори соли 2023 дар ин мавзеъ боз дар майдони 100 гектар саксаул шинонида шавад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар», ки аз ҷараёни парвариши ин намуди растанӣ дар минтақаи мазкур боздид намуд.
Ба андешаи мутахассисони Агентӣ, ба вуқӯъ омадани чангу ғубор ба тағйирёбии иқлим вобаста буда, гарду ғуборе, ки дар кишвар мевазанд, асосан аз самти сарҳад- мавзеъҳои хушки Узбекистон, Туркманистон ва Афғонистон ба амал меоянд.
«Мақсад аз бунёди саксаулзор- маҳз ҳимояи аҳолии маҳаллӣ аз вазиши чунин чангу ғубор мебошад. Зеро ниҳоли саксаул регҳоро мустаҳкам намуда, заминҳои хоҷагӣ ва маҳалҳои ба рег наздикбударо аз вазидани чангу ғубор муҳофизат мекунад»,- афзуд Директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» Нуралӣ Ҳусейнов.
Буёнди майдони саксаулзор дар доираи Лоиҳаи барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Корея моҳи июли соли 2020 оғоз гардида, то моҳи августи соли 2023 фаъолият менамояд.


Дар маросими шинонидани ниҳоли саксаул Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок, директори минтақавии Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIKA) Ҷон Минён, Намояндаи Хадамоти ҷангали Корея-ҳамоҳансози Лоиҳаи барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сеҷин Ҷу, муовини Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Шарифзода, Директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» Нуралӣ Ҳусейнов, мутахассисони соҳаи ҷангал ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Муовини Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Шарифзода иброз дошт, ки лоиҳаи мазкур дар доираи ҳамкории Агентии ҷангали Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея амалӣ карда мешавад.
«Бунёди саксаулзорҳо ҷиҳати пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба муҳити сукунати олами ҳайвонот ва таъмини некуаҳволии мардум мусоидат менамояд. Он дар доираи «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур ба роҳ монда шудааст»,-гуфт Давлаталӣ Шарифзода.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок изҳор намуд, ки соли равон аз барқарор гардидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Корея сӣ сол сипарӣ гардида, ин робитаҳо зина ба зина рушд намуда истодаанд.
Мақсад аз бунёди саксаулзор ҳимояи аҳолии маҳаллӣ аз вазиши чунин чангу ғубор мебошад. Зеро ниҳоли саксаул регҳоро мустаҳкам намуда, заминҳои хоҷагӣ ва маҳалҳои ба рег наздикбударо аз вазидани чангу ғубор муҳофизат мекунад.
Саксаул чист?
Саксаул як намуди дарахтест, ки макони асосии он биёбон аст. Диаметри он ба 100 см баробар буда, баландиаш тақрибан 5-8 метр мебошад. Ин растанӣ ба хушксолии шадид, гармии тоқатфарсо ва шӯразамин тоб меорад.
Танаи растанӣ каҷ аст, аммо сатҳи ҳамвор дорад ва диаметраш ба 1 метр мерасад. Ин намуди дарахт тоҷи азими сабзи дурахшон дорад, ки аз дур намоён мегардад.

Чаро саксаулро растании ғайриоддӣ меҳисобанд?
Ин растанӣ хусусияти биологии худро дорад, зеро он ба иқлими биёбон мутобиқ мешавад. Он хоки регдорро аз шамол муҳофизат ва то андозае эрозияи шамолро пешгирӣ мекунад. Ин имкон медиҳад, ки биёбон экосистемаи табиии худро нигоҳ дорад.
Ба ғайр аз вазифаи асосӣ саксаул ҳайвоноти хонагии маҳаллӣ (гов, гӯсфанд, шутур)-ро бо манбаи иловагии хӯрок таъмин мекунад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Шаҳритус-Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»









«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст






