БО ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ! Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияҳои водии Рашт роҳпаймоӣ доир гардид

Ноябрь 24, 2022 14:29

САНГВОР, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар маркази ноҳияҳои Сангвору Нуробод ва Лахшу Рашту Тоҷикобод ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ баргузор гардид. Дар ин ҷамъомадҳои бошукӯҳ қариб 4 ҳазор нафар сокинон, бо шумули кормандони идораву муассисаҳо, собиқадорони меҳнат ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуда, бо парчамҳои хурду бузург, аксҳои Пешвои миллат ва қаҳрамонони Тоҷикистон роҳҳои марказии ноҳияҳоро тай намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Дар ҳамоишҳои идона аҳли адабу фарҳанг ва ҷавонон оид ба нақши Парчами давлатӣ дар таҳкими давлатдории тоҷикон, ифтихор аз арзишҳои миллати куҳанбунёд ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ сухан гуфта, садоқати бепоёни худро ба Пешвои муаззами миллат изҳор карданд. Онҳо таҳти шиорҳои «Бо Пешвои миллатем!», «Пайравони Пешвои миллатем!» ва «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!» шеърҳо қироат намуданд. Овозхонону мутрибони дастаҳои ҳунарии ин ноҳияҳо табъи ҳозиринро бо суруду оҳангҳои дилнишини ватандӯстӣ шод гардониданд.

Дар ҳамоишҳои идона зикр шуд, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ маънои самимона дӯст доштани Ватани маҳбуб- Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он ва эҳтиром ба ҳар ваҷаб замину ҳар қатра оби зулоли онро дорад. Пос доштани муқаддасоти миллӣ ва ифтихор аз он вазифаи ҷонии ҳар фарди тоҷик ба шумор меравад, зеро зиндагӣ дар зери ливои ваҳдату сулҳу субот ва парафшонии парчами давлати соҳибистиқлол барои миллати тоҷик бахту иқболи баланд аст.

Мардуми сарбаланди мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ ҷашни яке аз рамзҳои муқаддаси милливу давлатӣ- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегирад. Бояд гуфт, ки Парчами давлатӣ нишони муқаддас, рамзи ҳувият, ифтихору нанг ва шарафи мамлакат арзёбӣ гардида, мавқеи сиёсӣ ва таърихиву фарҳангии кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ инъикос менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2022 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд