БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он доир мешавад
ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бори аввал «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат.
Дар фестивали мазкур хоҷагиҳои картошкапарварии мамлакат навъҳои беҳтарини картошкаи худро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.
Инчунин дар ин рӯз хони тоҷикӣ бо навъҳои гуногуни хӯрокҳо аз картошка омода ва ороста мешавад.
Бояд гуфт, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 14-16 ноябри соли равон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд доир ба баргузории «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» дастур доданд. Вазорати кишоварзии мамлакат фестивали мазкурро ҷиҳати иҷрои саривақтии дастури Пешвои миллат доир менамояд.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон дар майдони 32,1 ҳазор гектар картошка кишт шудааст. Ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда, то 18 ноябри соли равон дар хоҷагиҳои деҳқони ва ҷамоавӣ 821 340 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2021 185 ҳазору 181 тонна зиёд аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






