Бори нахуст ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон маҳсулоти худро дар «ISPO-Munich» ба намоиш мегузоранд

Ноябрь 29, 2022 11:06

ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон, назири «Ваҳдат Текстил», «Гулистони Душанбе», «Ноҳид» ва «Раҳимов A.A.» маҳсулоти варзишии худро дар «ISPO Munich»-и Олмон, ки бузургтарин намоишгоҳи маҳсулот ва либоси варзишӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ба намоиш мегузоранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тиҷорати байналмилалӣ /МТБ/ иттилоъ медиҳад.

Чор ширкати дӯзандагии Тоҷикистон дар радифи беш аз 1500 ширкати дӯзандагӣ аз саросари ҷаҳон дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷорати варзишӣ – Internationale Fachmesse für Sportartikel und Sportmode (ISPO), ки аз 28 тo 30 ноябри соли 2022 дар шаҳри Мюнхени Олмон баргузор мегардад, иштирок намуда, маҳсулоти худро, ки аз ҷӯробҳои варзишӣ, футболка ва поло, либоси муҳорибаҳои танбатан- кимоно, либоси муштзанӣ, кафшҳои муҳорибавӣ, либоси махсуси дастаҳои варзишӣ, жемпер ва костюмҳои варзишӣ, бастаҳои либосҳои варзишӣ ва ғайра иборатанд, ба намоиш мегузоранд. Намояндагони ширкатҳои дӯзандагтии Тоҷикистон инчунин бо муосиртарин таҷҳизот, пойафзол ва либоси варзишии истеҳсоли брендҳои маъруфи ҷаҳонӣ ва бо тамоюлоти пешқадамтарини соҳаи варзиш ва тандурустию фитнес дар дунё шинос мешаванд.

Дар соли 2020 МТБ ва GIZ муштаракан боздиди шиносоии ширкатҳои тоҷикро аз ин намоишгоҳ ташкил карда буданд ва ҳоло ширкатҳои Тоҷикистон ба намоишгоҳи Мюнхен барои иштирок бо маҳсулоти худ ташриф овардаанд. Онҳо умедворанд, ки намоишгоҳ пойгоҳи муҳимме барои робитаҳои нахустин бо брендҳои варзишӣ ва харидорони аврупоӣ мегардад.

«ISPO Munich» намоишгоҳи тиҷоратии B2B (тамоси мустақими бизнес бо бизнес) буда, миёни коршиносони тиҷорати варзишӣ ҳамчун муҳимтарин чорабинии соҳа эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ пойгоҳи муҳими роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Феълан, бархе аз истеҳсолгарони либосҳои варзишии Тоҷикистон бо брендҳои маъруфи олами варзиш ва шабакаҳои чаканафурӯшӣ, ба монанди Greenhill ва Decathlon кор мекунанд. Дар қадами баъдӣ ширкатҳои тоҷик мехоҳанд мустақиман бо брендҳои варзишӣ робита барқарор карда, доираи муштариёнашонро фарохтар созанд.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои ҳамкори лоиҳа ҷиҳати рақобатпазирии бештар дар бозорҳои минтақавӣ, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дастрасӣ ба бозорҳои аврупоӣ ва бозорҳои дигар, дарёфти маълумоти нав доир ба соҳа ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имконияти фаровон фароҳам меорад. Ин гуна сафарҳои корӣ барои гуногунсозии бозори содирот низ муҳиманд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 29, 2022 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»