Дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба ифтихори Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид

Ноябрь 15, 2022 10:27

ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо баргузории иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди муҳими сиёсист, дар кишвар сохти конститутсионӣ барқарор ва бо шарофати он пояҳои давлатдории миллӣ тақвият ёфтанд. Чунин зикр шуд дар маҷлиси тантанавие, ки ба ифтихори 30-солагии баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии мазкур.

Дар маҷлиси тантанавӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Дилшод Сафарзода, мудири кафедраи фалсафа, таърих ва гуманитарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Ҷобиров ва дигар кормандони Агентӣ доир ба аҳамияти баргузории Иҷлосиияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории муосир ва рушду пешрафти иқтисодиёти миллии кишвар маърӯза намуданд.

Зикр шуд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб доир гардид, рӯйдоди бузурги таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ин иҷлосия сарнавишти давлат ва миллати тоҷик муайян гардида, ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ- сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Бо шарофтаи иҷлосияи сарнавиштсоз ва бо гузашти 30 сол дар ҷумҳурӣ сулҳу суботи комил ҳукмфармо буда, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар раванди бунёдкорию созандагӣ бо суръат идома дорад. Ин бозгӯи рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ва таҳкими сулҳу салоҳ ва ваҳдат дар кишвар мебошад.

Таъкид гардид, ки барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ва вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони мусоир ҳар сокини кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини суботи сиёсӣ, рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ ва муттаҳидию сарҷамъӣ бо эҳсоси баландӣ худшиносию ватандӯстӣ саҳми шоиста гузорад. Зеро сулҳу субот ва оромӣ омили пешрафту шукуфоии сарзаминамон мебошад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2022 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст