Дар Академияи идоракунии давлатӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Самаранокии идоракунии давлатӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар муассисаи мазкур.
Дар он олимон, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ноиби ректори Академия, дотсент Карамалишо Карамалишоев дар ҳамоиши илмӣ иброз намуд, ки «бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст. Дар кишвари мо зимни амалӣ намудани ин мақсадҳои наҷиб ва корҳои муҳиму шоиста нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори давлати навини тоҷикон ва ҳидоятгари ҷавонони дорои неруи азими зеҳниву ҷисмонӣ баҳри иштирок дар раванди фаъолияти пурмаҳсули давлатсозӣ бениҳоят арзишманд мебошад».
Барои Тоҷикистони муосир такмил ва самаранок намудани дастгоҳи идораи давлатӣ яке аз масъалаҳои ҳассос ва муҳим арзёбӣ мешавад. Барои ҷомеаи муосири мо ҳар як навоварӣ дар ҳаёти ҷамъият бо равандҳои идораи ҷомеа алоқаманд буда, аз сатҳу сифати худи ҷамъият низ вобаста аст. Ин омил бо назардошти равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ низоми муқтадири давлатдорӣ ва ба рақобат тобовар будани дастгоҳи давлатӣ ва дар маҷмӯъ ҷамъиятро тақозо мекунад.
Зикр шуд, ки солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккули низоми самараноки идоракунии давлатӣ ҷиҳати таъмини банақшагирии стратегӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба масъалаҳои идоракунии давлатӣ ва такмили низоми он, аз ҷумла таъмини устувори ҳайати шахсӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳарчӣ беш диққат дода мешавад. Дар санадҳои муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ислоҳоти идора чун яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди мамлакат эътироф мегардад.
Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Самаранокии идоракунии давлатӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бахшҳо имрӯз низ идома меёбад.
АКС: Академияи идоракунии давлатӣ








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






