Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум созишномаҳо ба тасвиб расиданд
ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он вакилон Созишнома оид ба масъалаҳои тобеияти ҳуқуқӣ ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба парвандаҳои марбут ба будубоши муваққатии ҷузъу томҳои қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастҷамъӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба тасвиб расониданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.
Зимни баррасии созишномаи мазкур таъкид карда шуд, ки он аз дебоча ва 22 модда иборат буда, бо мақсади зарурати ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои тобеияти ҳуқуқӣ ба парвандаҳои марбут ба будубоши муваққатии ҷузъу томҳои қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои ҳамин Созмон имзо гардидааст.
Дар моддаҳои 1-6 мафҳумҳои асосии истифодашаванда ва мақсади Созишномаи мазкур, мақомоти ваколатдори Тарафҳо ва ҳамкории онҳо, истифодаи забон дар муносибати мақомоти ваколатдори Тарафҳо, инчунин тобеияти ҳуқуқӣ ва таъқиби ҷиноятии шахсон мутобиқи қонунгузории миллии Тарафҳо муайян гардидаанд.
Дар иҷлосия ҳамчунин Созишнома оид ба таъминоти муштараки моддиву техникӣ ва тиббии Қӯшунҳои (Қувваҳои дастҷамъонаи) Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба фаъолияти сулҳоваронаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз 6 октябри соли 2007, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба мубодила ва ҳифзи мутақобилаи иттилооти махфӣ ба тасвиб расида, аз рӯи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Сафарзода, вакилони мардумӣ Толибхон Азимзода, Ҳаёт Одинаев, Ҳуснигул Одиназода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Рустам Латифзода, Саодатшо Матробиён, Комрон Исмоилиён ва Рустам Раҳматзода шарҳ доданд.
Акс: МН МО ҶТ








Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






