Дар Бадахшон ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак доир гардид

Ноябрь 3, 2022 09:42

ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати Раиси вилоят Алишер Мирзонабот доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.

Дар ҷаласа раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа, роҳбарони комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳо, сардорони идораву муассисаҳои дахлдор, мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Ҳамчунин ба ҷаласа сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Шариф Назарзода, прокурори вилоят, мушовири давлатии адлияи дараҷаи III Парвиз Орифзода, директорони Муассисаи давлатии «Мактаби президентии шаҳри Хоруғ» ва муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 28 ва 30-и ноҳияи Шуғнон даъват карда шуданд.

Мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ҳавобегим Сафарқулова роҷеъ ба фаъолияти Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти вилоят дар нуҳ моҳи соли равон  иттилоъ дода, зикр кард, ки дар ин давра якҷо бо идораву муассисаҳои дахлдор, ташкилоти ғайридавлатӣ, ҷамъиятӣ ва соҳавӣ корҳои муайян анҷом дода шуданд.

«Тибқи нақшаи комиссияи мазкур танҳо дар шаҳри Хоруғ 17 маротиба санҷиши шабонарӯзӣ баҳри пешгирии шабгардии кӯдакону наврасон, инчунин истифодаи телефонҳои мобилӣ дар вақти дарс дар ҳамкорӣ бо шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РВКД ба роҳ монда шуда, аз натиҷаи он ба идораву муассисаҳои дахлдор гузоришҳои хаттӣ манзур гардиданд»,-тазаккур дод ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми нуҳ моҳи соли равон 6 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шуда, дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 312 нафар волидон ба маблағи беш аз 30 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.

Сардори РВКД дар ВМКБ Шариф Назарзода дар робита ба ин масъала гуфт, ки «ошкору пешгирӣ намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ миёни ноболиғону ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дониста мешавад. Бо ибтикори роҳбарияти милитсияи вилоят ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои назаррас, чорабиниҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва маърифатӣ-профилактикӣ миёни наврасон дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ амалӣ карда шуданд».

Шариф Назарзода ҳамчунин ҷиҳати амалӣ намудани машғулияти алоҳидаи синфӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории ВНМО миёни ноболиғон таклиф кард, ки нисбат ба ин падидаи номатлуб чораҳои таъхирнопазирро амалӣ кардан зурур аст.

Дар ҷаласа ҳамзамон прокурори вилоят Парвиз Орифзода дар мавриди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маълумот дод. Мавсуф гуфт, ки қонуни мазкур моро водор месозад нисбат ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд уҳдадориҳои худро дучанд зиёд намоем.

Дар охири ҷаласа Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳо, комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони шуъбаҳои маориф вобаста ба пурзӯр намудани чорабиниҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, пешниҳоди рӯйхати хонандагони душвортарбия аз оилаҳои носолим дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Акс: МИҲД ВМКБ

Ноябрь 3, 2022 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими видоъ бо раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 1 то 3 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Оид ба амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
Пагоҳ Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мешавад
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа​ оид ба саҳми Пешвои миллат дар пойдории сулҳ ва ваҳдати миллӣ филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд
Дар Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида ба қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш доир шуд
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПЕШВОИ СУЛҲ ВА ТАШАББУСКОРИ ИҚДОМҲОИ ҶАҲОНӢ». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҳизбиён баргузор гардид
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН – НАМУНАИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН. Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсӣ ва маърифатӣ баргузор гардид
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд