Дар Бадахшон мактаб ва маркази хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар деҳаи Даштаки Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.
Алишер Мирзонабот аз синфхонаҳо ва хонаи муаллимон дидан намуда, иброз дошт, ки маҳз дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат аст, ки дар Бадахшон ҳар сол чунин муассисаҳо на танҳо дар соҳаи маориф, балки дар тамоми соҳаҳо ба истифода дода мешаванд.
Ҳамзамон Раиси вилоят тазаккур дод, ки се сол қабл мардуми ин деҳа сохтмони муассисаи ибтидоиро дархост намуданд, зеро хонандагон барои таҳсил 7 км роҳро тай мекарданд ва он дар фасли зимистон ниҳоят пурхатар буд. Имрӯз орзуи деринаи наврасон ва хонандагони ин деҳа амалӣ гардид.
Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонандагони Ҷамоати деҳоти Язгулом нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳамасола барои таҳсил дар донишгоҳҳои олии мамлакат квотаҳои президетӣ зиёдтар ҷудо шуда, ҳоло тамоми муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати деҳоти Язгулом аз таъмир бароварда шудаанд.
Зикр карда шуд, ки мушкилоти асосии сокинони вилоят- ин роҳи Душанбе ‐ Хоруғ ‐Кулма мебошад. Дар ин самт низ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохмони роҳ дар 8 нуқтаи шоҳроҳ аз сарҳади ноҳияи Рӯшон то маркази ноҳияи Дарвоз идома дорад.
Ҳамзамон бо иштироки Раиси вилоят дар деҳаи Баррӯшони Ҷамоати Назаршо Додихудоеви ноҳияи Рӯшон Маркази хизматрасонӣ барои сокинони ин деҳа ифтитоҳ гардид.
Маркази хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкори муваффақи ноҳияи Рӯшон Ромиш Худоиев сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шуд.
Бино сеошёна буда, дар ошёнаи якум маркази савдо, дар ошёнаи дуюм сехи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва дар ошёнаи сеюм меҳмонхонаи барҳаво сохта шудааст. Дар он 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар таҳхонаи ин бино Ромиш Худоиев ният дорад коргоҳи қаннодӣ ба истифода диҳад.


Инчунин дар доираи сафари корӣ дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои мазкур дорои 4 утоқи корӣ буда, 8 нафар дар онҷо фаъолият ва ба 2577 нафар сокинон хизмати тиббӣ мерасонанд.
Дар баробари ин бо иштироки Раиси вилоят дар деҳаи Гармчашмаи Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров бунгоҳи тиббии ҳозиразамон мавриди истифода қарор дода шуд.
Бунгоҳи тиббӣ бо маблағгузории Барномаи рушди СММ бо харҷи 754 ҳазору 769 сомонӣ сохта шудааст.
Яке мушкилоти сокинони деҳ надоштани бунгоҳи тиббӣ буд ва хушбахтона, орзуи чандинсолаи сокинони деҳаи Гармчашма имрӯз амалӣ гашт.
Зикр шуд, ки солҳои охир чӣ қадар беморхонаҳо бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд таъмиру навсозӣ шуданд, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта, барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба истифода дода шуданд.
Алишер Мирзонабот аз сокинон даъват кард, ки дар корҳои ободиву созандагӣ саҳм гузоранд.
Акс: МИҲД ВМКБ








Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






