Дар Бадахшон Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардид

Ноябрь 24, 2022 14:10

ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ВМКБ хабаор доданд.

Ба ифтихори ин санаи муқаддас нахуст раҳпаймоии оммавӣ- аз варзишгоҳи марказӣ то майдони Исмоили Сомонӣ бо иштироки қишрҳои гуногуни ҷомеа, собиқадорон, кормандони идораву муассисаҳо, ҷавонон, занон, сохторҳои қудратӣ ва интизомӣ, устодону донишҷӯён, омӯзгорону хонандагон муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ки дар даст Парчами миллӣ доштанд, баргузор шуд.

Зикр карда шуд, ки 24 ноябри соли 1992 Қонун ҶТ «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии ҶТ» қабул гардид, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯйи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишварамон инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон-Парчамӣ миллӣ қабул гардид.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот бо ёдоварӣ аз таърихи парчамдории миллати тоҷик иброз дошт, ки «баъди соҳиби Парчам гардидани миллати соҳибмаърифати мо дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд.

Баъди ҳазор соли бедавлатӣ, дар натиҷаи талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик ва хосатан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти давлатӣ ба даст омад. Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ гардиданд, ки таҷассуми гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони ин миллати тамаддунофар мебошад».

Зикр шуд, ки дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва дар айни замон пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар, ба вуҷуд овардани аркони давлатдории таърихиву тақдирсоз меистад, ки дар зарфи 30 сол таҳти раҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Роҳбарии олии кишвар ба ҳамаи дастовардҳо ноил гардидем.

Дар фарҷом аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиби консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Акс: МИҲД ВМКБ

Ноябрь 24, 2022 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Бузҳоро дар Калифорния ҳамчун воситаи оташнишонӣ ба иҷора мегиранд
Дар Ҳавайӣ вулқони Килауэа аз нав хурӯҷ намуд
Навгонӣ дар бозори алоқаи мобилӣ: чӣ қадаре, ки мехоҳӣ, пардохт намо. Ва ё тарофаи худро бо зиёда аз 900 намуди хизматрасонӣ бисоз
Дар музофоти Ҳайнани Чин бар асари боришоти шадид сатҳи баландтарини хатар эълон карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон болоравии ҳарорати ҳаво дар назар аст
Олимон дар ғизо манбаи тасодуфии пластикиро ошкор намуданд
Дар Душанбе 20 нафар занон-кормандони вазорату идораҳо малакаи забондонии худро ташаккул доданд
Имрӯз дар Душанбе гармии ҳаво рӯзона то 39 дараҷа мерасад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1340 то 0.1365 сомонӣ муқаррар карда шудааст
Дар Бағдод бар асари тӯфони регӣ тақрибан 500 нафар осеб бардошт
Дар Ҳаити бар асари офати табиӣ 42 нафар ҳалок шуд