Дар баъзе кишварҳои Аврупо марг аз коронавирус ду баробар афзудааст

Ноябрь 21, 2022 13:03

ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар ҷаҳон дар моҳи октябр 12,7 миллион афзоиш ёфтааст, ки нисбат ба моҳи сентябр тақрибан 12% камтар аст. Моҳи сеюм аст, ки мизони гирифторӣ ба бемории ковид коҳиш меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «ТАСС»

Дар баъзе кишварҳои Аврупо сатҳи сироятёбӣ дубора боло рафтааст. Дар Амрико ва Осиё дар моҳи октябр коҳиши устувор ба қайд гирифта шуд. Моҳи дуюм аст, ки дар ҷаҳон камтар аз 50 ҳазор нафар мефавтанд, аммо дар баъзе кишварҳои Аврупо сатҳи фавт дар пасманзари хуруҷи нави ҷиддии ковид 1,5-2 маротиба афзоиш ёфтааст.

Моҳи гузашта дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин рақамҳо пасттарин буданд- аз моҳи март дар кишвар дар як рӯз тақрибан 20-25 ҳазор ҳолати нав ба қайд гирифта шудааст. Дар Мексика ва Аргентина онҳо ба сатҳи пасттарин расидаанд- дар он ҷо на бештар аз 3 ҳазор нафар дар як рӯз  сироят ёфтаанд. Бо вуҷуди ин, хуруҷи нави сироят дар Чили ба қайд гирифта шуд — аз аввали моҳ ин рақамҳо якбора се маротиба афзоиш ёфтанд. Дар Бразилия суръати паҳншавии сироят аз моҳи ноябри соли гузашта пасттарин буд.

Дар кишварҳои осиёӣ низ ин беморӣ коҳиш ёфтааст. Он дар Ҷопон  назар ба моҳи сентябр қариб се баробар, дар Кореяи Ҷанубӣ 2,5 баробар кам шудааст. Сатҳи баландтарини сироят моҳи октябр дар Олмон ба қайд гирифта шудааст. Дар нимаи аввали моҳ дар як рӯз то 175 000 ҳолати нав ба қайд гирифта шуда, баъдан ин беморӣ коҳиш ёфт. Дар маҷмӯъ, дар моҳи октябр дар он ҷо тақрибан 2,3 миллион ҳолати нав ташхис карда шуд.

Дар Фаронса авҷи беморӣ дар нимаи моҳи октябр пайдо шуд,  вақте ки тақрибан 87,7 ҳазор нафар мубталоён ошкор шуданд. Аммо пас аз ду ҳафта ин нишондиҳанда ду маротиба поён фаромад. Дар Италия низ хуруҷи нав ба қайд гирифта шуд, ки дар нимаи аввали моҳи октябр дар он беш аз 65 ҳазор ҳолат ошкор шудааст.

Моҳи октябр дар ҷаҳон тақрибан 44 ҳазор нафар бар асари бемории ковид фавтиданд.

АКС: tass.ru

Ноябрь 21, 2022 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд