Дар Чин бар асари сӯхтор дар корхона 36 нафар ҳалок шудаанд
ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар/. Бар асари сӯхтор дар корхонае дар шаҳри Аняни музофоти Ҳенан (Чини Марказӣ) 36 нафар ба ҳалокат расидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи The paper.
Сӯхтор дар корхона дар шаҳри Анян 21 ноябр, соати 16:22 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Ҳамагӣ пас аз 3,5 соат ба сӯхторнишонон муяссар шуд, ки оташро зери назорат гиранд. Соати 23:00 сӯхтор пурра хомӯш карда шуд.
Тибқи иттилои пешакӣ, то рӯзи сешанбе, соати 06:10 ба вақти маҳаллӣ дар натиҷаи сӯхтор 36 нафар ҳалок гардида, ду нафар бедарак шудаанд ва ду нафари дигар ҷароҳати сабук бардоштаанд.
Барои муайян кардани сабабҳои сӯхтор дар ҷойи ҳодиса корҳои тафтишӣ ҷараён доранд.
АКС: pix.avax.news








Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд






