Дар Донишгоҳи давлатии Данғара оид ба таҳияи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ машварати корӣ доир шуд

Ноябрь 28, 2022 14:02

ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо мақсади ҳифзи сарватҳои зеҳнӣ ва ҳуқуқҳои муаллифӣ машварати корӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳ. 

26 ноябр оид ба истифодаи таҷрибаи амалии комиссияҳои олии аттестатсионии мамлакатҳои хориҷӣ, истифодаи васеи воситаҳои иттилооти электронӣ, махсусан барномаҳои компютерии «Антиплагиат» бо мақсади ҳифзи сарватҳои зеҳнӣ ва ҳуқуқҳои муаллифӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои устодону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон машварати корӣ баргузор шуд. Дар кори он Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Розиқзода, Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён, Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Қурбон Убайдулло, мудири шуъбаи биологияи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Саидов иштирок намуданд.

Ба иштирокчиён оид ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҳия ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои аттестатсионии довталабон ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ, таҳияи дурусти ҳуҷҷатҳои аттестатсионӣ ба феҳристи маҷаллаи илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани маҷаллаҳои илмӣ, тибқи муқаррарот ба роҳ мондани фаъолияти Шӯрои олимони муассиса, дар самти дарёфти унвони илмӣ ва дигар масъалаҳои аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ – техникӣ, тахассусҳои олӣ ва ёрии амалию методӣ маълумоти муфассал расонида шуд.

Зикр шуд, ки машварати корӣ бо мутасаддиёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакат оид ба барномаи компютерии «Антиплагиат» ва баррасии ҷиддии масъала як силсила мушкилотро дар ин раванд ҳал намуд. Аз ҷумла, ҷиҳати пешгирӣ кардани саргардонии довталабон Комиссияи олии аттестатсионӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифт, ки тибқи хоҳишу дархости довталабон санҷиши диссертатсия ва ё авторефератро тавассути барномаи компютерии «Антиплагиат»-и Комиссия тариқи онлайн роҳандозӣ намояд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Данғара

Ноябрь 28, 2022 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд