Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид

Ноябрь 24, 2022 10:22

ДУШАНБЕ, 24.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Парчам – ифодагари иқболу истиқлол ва ормонҳои миллӣ»— таҳти  ин унвон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- назариявӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт хабар дод.

Дар конференсия Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарону кормандони муассисаҳои тобеъ ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ зикр намуд, ки Парчам рамзи озодии миллат, ифтихори миллӣ ва ҳисси баланди меҳандӯстиву хештаншиносӣ ба шумор меравад.


«Эҳтироми маорифчиён ба рамзҳои давлатӣ, хусусан Парчами давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки баҳри рушди бемайлони соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла беҳтар гаштани сифати таҳсилот дар кишвар ва таълиму тарбияи дурусту мукаммали насли наврасу ҷавон тамоми саъю талоши худро ба харҷ дода, хонандагону донишҷӯёни тоҷик зимни иштирок дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ тавассути афрохта шудани Парчами давлатӣ кишвари азизамон – Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд»,-афзуд Раҳим Саидзода.

Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода дар идома таъкид намуд, ки “соли 2010 бунёди манораи бузурги Парчами давлатӣ дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, ҳамчун «Майдони парчам» номгузорӣ шуд. Мардуми кишвари азизамон имрӯз зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас медоранд”.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2022 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»