Дар Душанбе доир ба вусъат додани имконияти иқтисодии занони Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд

Ноябрь 4, 2022 15:14

ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Вусъат додани имконияти иқтисодии занони Тоҷикистон тавассути пешниҳоди маҳсулоти ҳамаҷонибаи рақамӣ барои идоракунии соҳибкории хурди ошпазӣ ва қаннодӣ» ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» доир гардид.

Зикр шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои занони соҳибкор шароити мусоиди пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар кори ҳамоиш занони соҳибкор, намояндагони ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бонкҳо, созмонҳои байналмилалӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасии занону духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Кузин»-и Узбекистон лоиҳаеро амалӣ мекунад, ки тавассути он 300 нафар бонувон ба омӯзиши касби ошпазӣ ва қаннодӣ фаро гирифта мешаванд.

Инчунин омӯзиши рақамӣ барои занон ва ташкили курсҳои омӯзишии электронӣ ба роҳ монда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 4, 2022 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид