Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доир ба Рӯзи Конститутсия ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 2, 2022 11:48

ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон (ФИКМТ) баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар федератсия хабар доданд.

Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои генералӣ, кормандони масъули дастгоҳи марказии федератсия,  ҳамчунин нозирони меҳнату ҳуқуқ, муҳосибот, масъулони корҳои ташкилӣ ва коргузории ташкилоти ҳамузв ва  дастгоҳи федератсия  иштирок намуда, масъалаҳо дар бораи таҷлили ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ҷамъбасти фаъолияти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022 ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси ФИКМТ Маликшо Неъматзода доир ба мавқеъ, аҳамияти сиёсӣ ва таърихии Конститутсия ибрози андеша кард. Ӯ зикр  намуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобид.

“Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар таърихи миллати мо рӯйдодест, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда дорад. Он барои раҳоии давлати нав ба истиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард”, —  тазаккур дод Маликшо Неъматзода.

Иҷлосияи мазкур фарзанди неруманду шуҷоъ ва фарзонаи миллати тоҷикро ба арсаи сиёсат ворид намуд ва маҳз Эмомалӣ Раҳмон чун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд, ки ба мардуми кишвар сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ба армуғон оваранд.

​Ҳамзамон оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти Иттифоқҳои касаба дар нуҳ моҳи соли равон  ва вазифаҳо барои семоҳаи чорум муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил  Файзизода ҳисобот дод.

​ Мавсуф гуфт, ки Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад. Рисолати он аз муттаҳид сохтани аҳли ҷомеаи меҳнатӣ,  ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандон иборат буда, дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд.

​Дар охири ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи масъалаҳои рӯзнома  қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Акс: ФИКМТ

Ноябрь 2, 2022 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид