Дар Хуҷанд бинои маъмурии кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар расми ифтитоҳи бино Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуданд.
Ифтитоҳи бинои мазкур, ки аз панҷ ошёна ва 57 утоқи корӣ иборат мебошад, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон бунёд гардида, дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни ифтитоҳи бинои мазкур аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷанд мулоқот намуда, бо шароити корӣ дар бинои навбунёд аз наздик шинос шуданд.
Дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сеюмин бинои нави маъмурӣ аст, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бунёд гардида, дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ мегардад.
Қаблан дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон чунин бинои хуштарҳу замонавӣ бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд.
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат бештар аз 20 бинои нави маъмуриро мавриди истифода қарор диҳад, ки асосан дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ бунёд мешаванд.
Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар биноҳои маъмурии кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияҳои Хуросону Айнӣ пурра ба анҷом расида, биноҳои мазкур рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегиранд.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






