Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҷамъомад баргузор гардид

Ноябрь 5, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 05.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Чумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иброз дошт, ки «бисту ҳашт сол муқаддам дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст”.

Муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ҳусниддин Нидоев дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон -ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» маърӯза намуд. Мавсуф зикр намуд, ки маҳз ҳамин санаи таърихӣ оғози низоми нави давлату давлатдорӣ, поягузори муносибатҳои ҷадиди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишварамон гардид.

Миллати тоҷик тавонист, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути дар амал роҳандозӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ҷомеаи адолатпарвар бунёд намояд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пойдориву созандагӣ устувор бошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ

Ноябрь 5, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд