Дар панҷ соли оянда дар Бадахшон сохтмони 92 корхонаи саноатӣ бо 1437 ҷои нави кор пешбинӣ шудааст

Ноябрь 4, 2022 11:42

ДУШАНБЕ, 04.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар қаламрави Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бояд 30 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо фароҳам овардани 407 ҷои нави кор сохта, ба истифода дода шаванд. Ҳамчунин ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор дар панҷ соли оянда дар вилоят сохтмони 92 корхонаи саноатӣ бо 1437 ҷои нави кор пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.

Ҳамчунин тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят 41 муассисаи тандурустӣ, 12 фарҳангӣ, 85 муассисаи соҳаи маориф ва 104 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд.

Тавре дар машварати васеи назди Раиси вилоят Алишер Мирзонабот оид ба масъалаи «Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2022» (28.10.2022) гуфта шуд, дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят 24 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 216 ҷои кор сохта, ба истифода дода шуданд.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, ки дар ҷаласаи мазкур ҳузур дошт, ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулин бобати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба зимистони дарпешис­тода, истифодаи мақсадноки маб­лағҳои буҷетӣ, дида баромадани маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии камнуфус, ҷамъо­варии андоз, норасоии кадрҳо дар соҳаҳои мао­рифу тиб, таъсиси кӯдакистонҳои хусусӣ, риояи забони давлатӣ дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таъмини хонандагон бо либоси мактабӣ, таъмир ва навсозии муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани сифати барномаҳои фарҳангӣ, пурзӯр намудани таълиму тарбия дар таълимгоҳҳо, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», истифодаи самараноки замин ва дигар ҷанбаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ

Ноябрь 4, 2022 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад